Июл 07, 2017 19:27 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 21 диишӣ дар шаҳри Машҳади Эрон

Муовини додситони шаҳри Машҳади Эрон аз боздошти 21 узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин шаҳр хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Донишҷӯёни Эрон”, ИСНА, қозӣ Ҳасан Ҳайдарӣ, муовини додситони Машҳад гуфт, 21 нафар аз аъзои ДИИШ, ки баъзе аз онон хориҷ аз марзҳои Эрон дар чанд амалиёти ин гурӯҳи террористӣ ширкат карда буданд, дар камини нерӯҳои идораи кулли амнияти устони Хуросони Разавӣ гирифтор ва боздошт шуданд. Ӯ афзуд, ҳудуди як моҳ қабл мушаххас шуд, бархе аз аъзои ДИИШ пас аз фарогирии омӯзишҳои ҷангию интиҳорӣ ва байъат бо саркардагони ин гурӯҳи террористӣ бо шиносномаҳои қалбакӣ вориди Эрон шудаанд ва аз ҳамон замон ин афрод зери назари нерӯҳои амниятӣ қарор гирифтанд. Ҳайдарӣ гуфт, таҳқиқот мушаххас кард, ки ин аъзои ДИИШ қасди анҷоми амалиётҳои мухталифи интиҳорӣ ва ғайраро доштанд, аммо қабл аз ҳар гуна иқдоме дастгир шуданд.

Муовини додситони Машҳад дар бораи ҳувияти афроди боздоштшуда гуфт, бархе диишиҳои боздоштшуда эронӣ ва баъзеи дигар шаҳрванди Афғонистон ҳастанд, ки бо ҳуҷҷатҳои қалбакии муаррификунандаи шахсият вориди Эрон шудаанд.