Ҳимояти Федератсиюни Ҷаҳонии Чавгон аз сабти ин варзиш ба номи Эрон
(last modified Sat, 08 Jul 2017 08:12:36 GMT )
Июл 08, 2017 13:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Федератсиюни Ҷаҳонии Чавгон аз сабти ин варзиш ба номи Эрон

Раиси Федератсиюни Ҷаҳонии Чавгон Эронро “маҳди чавгон” дар ҷаҳон донист ва таъкид кард, Федератсиюни Ҷаҳонии Чавгон аз сабти ин варзиш ба номи Эрон дар ЮНЕСКО ҳимоят мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Николас Денверс рӯзи ҷумъа дар Теҳрон бо баёни ин ки деворнавиштаҳо, наққошии ғорҳо, асноди торихӣ, ашъору китобҳои марҷаъ нишон медиҳанд, Эрон маҳди чавгон аст, гуфт: “Ин варзиш ибтидо дар Эрон шакл гирифтааст”.

Раиси Федератсиюни Ҷаҳонии Чавгон афзуд, илова бар Федератсиюни Ҷаҳонии Чавгон, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид (ЮНЕСКО) низ ҳимояти худро аз сабти ҷаҳонии ин варзиш ба номи Эрон эълом кардааст.

Чавгон аз варзишҳои куҳани эронӣ аст, ки имрӯз ба варзише ҷаҳонӣ табдил шудааст.

Номи чавгон аз номи чӯбе ки дар он истифода мешавад, баргирифта шудааст.