Июл 09, 2017 15:44 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Язди Эрон мероси ҷаҳонӣ шуд

Шаҳри торихии Язди Эрон дар чиҳилу якумин Иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, сабти ҷаҳонӣ шуд.

Ба иттилои хабаргузории садо ва симои Эрон, шаҳри торихии Язд дар маркази Эрон дар чиҳилу якумин Иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид, ЮНЕСКО, ба сабти ҷаҳонӣ расид .

Шаҳри Язд, ки яке аз нахустин шаҳрҳои хиштии ҷаҳон аст, пас аз 9 соли сабти муваққат саранҷом тавонист раъйи мусбати ЮНЕСКО-ро ба даст оварад .

Бо таваҷҷуҳ ба мувофиқати ҳамаи аъзои Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, раиси ҷаласа аз аъзо хост, ки бидуни идомаи баҳс дар бораи парвандаи Эрон ва танҳо бо каф задан, сабти шаҳри торихии Яздро дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ тайид кунанд .

Иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии созмони ЮНЕСКО дар шаҳри Кракови Полша баргузор шуд .

Сабти ҷаҳонии шаҳри Язд дар ин иҷлоси ЮНЕСКО, ки ду қатъномаи зидди режими саҳюнистӣ ҳам дар он ба тасвиб расид, ба лиҳози сиёсӣ низ пирӯзи бузурге барои ҷумҳурии исломии Эрон дар ЮНЕСКО маҳсуб мешавад .