Вазири дифои Эрон: Изҳороти вазири дифои Амрико ҳазён аст
Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, изҳороти мудохилаҷӯёнаи вазири дифои Амрико дар бораи Эрон шабеҳи ҳазёнгӯии афроди бемор ва табдор аст.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Ҷеймз Маттис, вазири дифои Амрико дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии «Daily caller» гуфт, барои он ки равобити дуҷонибаи мусбате миёни Эрон ва Амрико барқарор шавад, лозим аст, то низоми ҳоким дар Эрон тағйир кунад.
Ҳусайни Деҳқон, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ин изҳороти вазири дифои Амрикоро бешармона ва хилофи ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дониста гуфт, вазири дифоъ ва ҳайати ҳокими Амрико беҳтар аст, ба ҷойи пешниҳод кардан ба миллатҳои дигар ба фикри ҳалли масоили дохилии худ бошанд, ки дар ояндаи на чандон дур ҳукумати феълии Амрико ва низоми сиёсии ин кишварро суқут хоҳад дод. Вазири дифои Эрон афзуд, хуи истикборӣ, эҳсоси зӯргӯӣ ва нодида гирифтани қудрати миллатҳо ҷаҳолат дар бораи вақеаҳои таърихӣ буда, натоиҷи ин гуна изҳори назарҳо ақли афроде монанди Маттисро мерабояд.