Июл 12, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳони: Эрон аз талош барои поёни ихтилофот дар минтақа истиқбол мекунад

Раисҷумҳури исломии Эрон, терроризм ва мудохилоти нобаҷои бархе кишварҳоро муҷиби шуълавар шудани минтақа донист ва таъкид кард: Эрон аз ҳар гуна талош, ки мунҷар ба поёни даргириҳо ва ихтилофот дар минтақа шавад, истиқбол мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар дидори Юсуф ибни Алавӣ, вазири умури хориҷаи Уммон дар Теҳрон, бо таъкид бар зарурати тақвият ва таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Теҳрон–Маскат тасреҳ кард: Бояд аз фурсати равобити хуби Теҳрон–Маскат барои тавсеа, тақвият ва таҳкими ҳамаҷонибаи муносибот ва ҳамкориҳои дуҷониба ба нафъи мардум Эрон ва Уммон истифода кард.

Рӯҳони ҳамчунин гуфт: Решакан кардани терроризм дар минтақа ниёзманди кумак ва ҳамкории ҳамаи кишварҳо ва истифода аз тамоми тавон ва имконот дар ин замина аст.  

Раисҷумҳури исломии Эрон дар идома ба тасмимоти иштибоҳи бархе давлатҳои минтақа дар бурузи мушкилот аз ҷумла дар Яман, Сурия, Баҳрайн ва Қатар ишора карду афзуд: Роҳҳалли мушкилот дар Яман ва Баҳрайн танҳо дар барқарории сулҳ ва музокира аст ва ҳамаи кишварҳо бояд талош кунанд, ин танишҳо дар минтақа поён ёбад.

Юсуф ибни Алавӣ, вазири умури хориҷаи Уммон низ дар ин дидор, бар ҳалли ҳарчи сареътари ихтилофоти минтақаӣ аз тариқи равишҳои дипломатӣ таъкид карду гуфт: Нақшофаринии ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳалли мусолиматомези масоили минтақаӣ ва ҳамчунин ҳалли буҳрони Сурия ва мубориза бо терроризм ва ДИИШ муҳим ва таъсиргузор будааст.

Вазири умури хориҷаи Уммон ҳамчунин тавсеаи равобит дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва ҳамкориҳои бандарӣ миёни ду кишварро хостор шуд.

Вазири умури хориҷаи Уммон субҳи имрӯз барои дидор бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд.

 

Барчасп