Август 11, 2016 09:16 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти режими саҳюнистӣ ба пардохти як миллиарду 200 миллион доллар ба Эрон

Режими саҳюнистӣ ба пардохти як миллиарду 200 миллион доллар ба Эрон маҳкум шуд.

Ба гузориши навиштаи рӯзномаи "Haaretz", додгоҳе дар Швейтсария, дархости фарҷоми Ширкати нафтии Транс Осиётеки (Asia Tech Trance( режими саҳюнистӣ алайҳи Ширкати миллии нафти Эронро рад ва эълом кард, ки ин ширкати режими саҳюнистӣ бояд як миллиарду 200 миллион доллар қарзаш ба Эронро, ки марбӯт ба парвандае дар даврони шоҳи махлуъи Эрон аст, пардохт кунад. Ин рӯзнома дар идома навишт, ин парвандаи қазоӣ ҷадидтарин давр аз ҷидоли ҳуқуқӣ миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ дар тӯли 37 сол бар сари интиқоли нафт ва ширкат дар бозорёбӣ аст, ки дутараф пеш аз вуқуъи Инқилоби Исломӣ дар соли 1979 эҷод карда буданд. Ҳукми пардохти ин бадиҳӣ дар пайи як муноқишаи ҳуқуқии қадимӣ миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ бар сари даромадҳои ҳосил аз эҳдоси хати лӯлаи нафтии муштарак содир шудааст, ки ба замони пеш аз Инқилоби исломӣ дар Эрон боз мегардад. Ин сармоягузории муштарак миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ, ки дар даврони шоҳи (маъдум) Эрон дар соли 1968 оғоз шуд, дар воқеъ тарҳе барои фурӯши нафти Эрон ба Аврупо аз тариқи режими саҳюнистӣ буд. Ин нафт аз Эрон ба бандари "Эйлат" ва сипас аз тариқи хати лӯлаи транси ин режим, ки ба тозагӣ эҳдос шуда буд, ба бандари "Ашкелоне" дар соҳили баҳри Миёназамин мунтақил мешуд. Пас аз Инқилоби исломӣ ва дар пайи табдил шудани Эрон аз як ҳампаймон ба душмани режими саҳюнистӣ дороиҳои Эрон мусодира шуд ва ин режим ин хати лӯлаи муштаракро миллӣ эълом кард. Бар асоси ин гузориш, Эрон се додхоҳро дар додгоҳҳои байналмилалии Швейтсария ва Фаронса матраҳ кард, то битавонад саҳми худро аз даромадҳои ҳосил аз тадовуми фаъолиятҳои ин хати лӯла, ки миллиардҳо доллар баровард мешавад ва ҳамчунин дороиҳои Эрон, ки миллӣ эълом шуда буданд, дарёфт кунад.

 

Барчасп