Июл 15, 2017 15:03 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди шведӣ дар Эрон ба дини мубини Ислом мушарраф шуд

Шаҳрванди шведӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари Имомзода Ҷаъфар (а)-и шаҳри Пешво дар Варомин (ҷануби шарқи Теҳрон) бо ташарруф ба дини мубини Ислом, мусалмон шуд.

Ба гузориши ИРНА, Маттис Авлолиндл, шаҳрванди масеҳӣ ҳамзамон бо иқомаи намози ҷумъа дар шаҳристони Пешво бо гуфтани шаҳодатайн мусалмон шуд ва аз сӯйи имоми ҷумъа ва масъулони шаҳристони Пешво мавриди тақдиру тамҷид қарор гирифт.

Ин шаҳрванди шведӣ молики яке аз бузургтарин корхонаҳои чӯб дар Шветсия буда, ки ба иллати фаъолиятҳои иқтисодӣ муддате дар шаҳристони Пешво сокин шудааст.

Дар солҳои ахир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф, ба вижа аврупоӣ ва амрикоӣ дар маконҳои зиёратии Эрон ба дини мубини Ислом гаравидаанд.