Ғурӯби ғамангези нобиғаи эронӣ (акс)
Марями Мирзохонӣ, риёзидони эронӣ ва устоди Донишгоҳи Стэнфорд,, ки бо бемории саратон дасту панҷа нарм мекард, рӯзи шанбе даргузашт.
Чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта, яке аз наздикони вай аз вахим будани бемории ин донишманди эронӣ хабар дод ва гуфт, Марями Мирзохонӣ ба далели бемории саратон, дар яке аз бемористонҳои Амрико бистарӣ шудааст.
Субҳи рӯзи шанбе Фирӯзи Нодирӣ- донишманди эронӣ, хабари даргузашти Марями Мирзохониро таъйид кард.
Марям мирзохони дар даврон таҳсил дар дабиристон фарзонагон Теҳрон, баранда медал тилои олимпиад ҷаҳони риёзӣ дар солҳои 1994 (Гонконг) ва 1995 (Канада) шуд ва дар ин сол ба унвони нахустин донишомӯз эронӣ ҷоиза нмраи комил шуд.
Вай нахустин духтаре буд, ки ба тими олимпиадаи риёзии Эрон роҳ ёфт, нахустин духтаре буд, ки дар олимпиадаи риёзии Эрон тилло гирифт, нахустин касе буд, ки ду сол медали тилло гирифт ва нахустин фарде буд, ки дар озмуни олимпиадаи риёзии ҷаҳонӣ номраи (баҳои) комил гирифт.
Сипас дар соли 1999 коршиносии худро дар риштаи риёзӣ аз Донишгоҳи Шариф ва доктороии худро дар соли 2004 аз Донишгоҳи Ҳарвард медали Филдс гирифт. Аз Марями Мирзохонӣ ба унвони яке аз даҳ зеҳни ҷавони баргузидаи соли 2005, аз сӯи нашрияи “Popular Science” дар Амрико ва зеҳни бартар дар риштаи риёзиёт таҷлил шуд.
Мирзохонӣ барандаи ҷавоизе чун ҷоизаи “Setter» аз Анҷумани риёзии Амрико дар соли 2013, ҷоиза куллӣ ва медали Филдс дар соли 2014 аст. Вай аз ёздаҳуми шаҳривармоҳи 1387 (аввали сентябр 2008) дар Донишгоҳи Стэнфорд устоди донишгоҳ ва пажӯҳишгари риштаи риёзиёт аст. Пеш аз ин, ӯ устоди донишгоҳи Принстон буд.