Зариф: Амрико дар тавофуқи ҳастаӣ кӯтоҳӣ кард
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Амрико дар амал ба саҳми худ аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, кӯтоҳӣ кардааст.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар нишасти Созмони Милал ба Ню-Йорки Амрико сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо шабакаи СНН дар бораи рафтори Амрико дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ афзуд, Эрон ба таври комил тааҳҳудоти худро анҷом дода ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳам ин масъаларо таъйид карда, аммо Амрико тааҳҳудоти худро анҷом надодааст.
Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, “Эрон дар раванди тавофуқ ва пеш аз тавофуқ ба сароҳат равшан кардааст, ки ба думболи як барномаи таслиҳотии ҳастаӣ нест ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъйид карда, ки иддаоҳо дар бораи абъоди низомии эҳтимолии барномаи ҳастаии Эрон бепоя аст.”
Зариф дар бораи далели ҳимояти Эрон аз низоми Сурия низ афзуд, сиёсати Теҳрон дар қиболи Сурия, Афғонистон, Ироқ ва дигар нуқоти минтақа ҳамвора собит будааст, Эрон ҳамвора мухолифи терроризм ва ифротгарӣ буда ва ба ёрии касоне шитофтааст, ки дар ҳоли мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм будаанд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи буҳрони Яман гуфт, Эрон дар мухолифат бо даргирӣ дар Яман тарҳе чаҳор модаӣ, шомили оташбас, кӯмакҳои башардӯстона, гуфтугӯи ямани-яманӣ ва эҷоди давлате бар асоси хости мардуми Яман ироа кард ва мӯътақид аст, танҳо роҳи поёни даргириҳо, пазириши ин воқеият аст, ки ҳеҷ роҳкори низомӣ вуҷуд надорад.