Нақди Зариф дар Ню-Йорк аз хатоҳои Амрико дар қиболи Эрон
(last modified 2017-07-18T09:39:39+00:00 )
Июл 18, 2017 14:39 Asia/Dushanbe
  • Нақди Зариф дар Ню-Йорк аз хатоҳои Амрико дар қиболи Эрон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар иҷлоси Созмони милал ба Ню-Йорк рафтааст, бомдоди имрӯз - сешанбе дар Шӯрои равобити хориҷии Амрико изҳороти мудохилаҷӯёнаи мақомҳои Амрико дар бораи Эронро ба чолиш кашид.

Суханони Зариф такя бар ин воқеият дошт, ки Амрико аз замони вуқӯи инқилоб дар Эрон, сиёсати тағйири низомро дар дастури кори худ доштааст, аммо бори дигар зарурати нигоҳ ба гузашта ва дарс гирифтан аз таҷрибаҳои таърихиро ба давлатмардони Амрико хотирнишон кард ва гуфт: “Тағйири низом дар Эрон ҷавоб намедиҳад. Амрико аз таърих дарс намегирад. Амрико дар соли 1953 низоми ҳокимро сарнагун кард ва бубинед, ки чӣ шуд?”.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ба мавзӯи таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон ҳам ишора кард ва гуфт: “Ман эътиқоде ба таҳримҳо надорам. Онҳо корсоз нестанд. Таҳрим барои Амрико сармоя нест, балки бидеҳӣ аст. Вақте Амрико шурӯъ ба таҳрими Эрон кард, мо фақат 200 сонтрифуга доштем, аммо дар замони музокирот теъдоди сонтрифугаҳо ба 20000 расид”.

Мавзӯи Барҷом низ меҳвари савуми суханони Зариф дар нақди сиёсатҳои зиддиэронии Амрико буд.

Интиқоди вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сиёсатҳои Амрико дар мусоҳиба бо нашрия амрикоии “Нешнл интерест” низ тунд ва ошкоро буд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин мусоҳиба, ки рӯзи душанбе анҷом шуд, дар вокуниш ба нақзи пай дар пайи тавофуқи ҳастаӣ аз сӯйи Вашингтон таъкид кард, агар нақзи умдае, ки дар Барҷом ба он нокороии қобили таваҷҷуҳе баён мешавад рӯй диҳад, Эрон аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ хоҳад шуд.

 Амрико ба ду далел бар идомаи сиёсатҳои хасмонааш алайҳи Эрон исрор меварзад. Нахуст он ки мушкили аслии Амрико бо асли низом ва инқилоби исломӣ аст, зеро онро монее дар муқобили зиёдахоҳиҳои худ медонад, ки ин нигоҳе воқеъбинона аст. Бинобар ин душмании Амрико бо Эрон тамом нахоҳад шуд, магар ин ки рафтору нигоҳи Амрико тағйир кунад.

Аммо далели дувум дар рафторшиносии Амрико нисбат ба Эрон, улгӯсозии Эрон барои миллатҳои инқилобӣ ва ба чолиш кашида шудани ҳукуматҳои худкома дар минтақа будааст. Амрико борҳо саъй кардааст муқобили Эрон биистад ва борҳо ба гузинаи барандозӣ низ андешида, аммо муваффақ нашудааст.

Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико ин таваҳҳумро ахиран дар Кумитаи умури хориҷии Санои Амрико бар забон овард ва гуфт, Амрико аз афроди дохилӣ дар Эрон, ки битавонад ба Вашингтон дар интиқоли сулҳомези қудрат кӯмак кунад, пуштибонӣ хоҳад кард”.

Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико ҳам ин таваҳҳумро бо суханони худ бештар доман зад.

Рон Пол, сиёсатмадори пешини амрикоӣ дар барномаи телевизионии “Гузориши озодӣ” бо ишора ба изҳороти ахири Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико алайҳи Эрон гуфт, Тиллерсон Эронро ба нақзи озодиҳои маданӣ муттаҳам мекунад, вале ошкоро аз Арабистони Саудӣ ҳимоят мекунад ва муддаӣ аст, ки мо бояд аз онҳо ҳимоят кунем. Зеро онон мавриди азияту озор ҳастанд.

Вай афзуд: “Маълум нест чаро як хабарнигор аз ӯ намепурсад; Шумо дар бораи чӣ чизе сӯҳбат мекунед? Оё ба назари Шумо саудиҳо ҳомии озодиҳои маданӣ ҳастанд, аммо эрониҳо нестанд?”.

Вай бо ироаи ду тасвир аз баргузории маросими Иди Пок дар яке аз калисоҳои Эрон гуфт: “Мо ба тозагӣ тасовире аз калисоҳои Эрон дарёфт кардем, ки дар он маросим ҷашни Иди Пок баргузор шудааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки чӣ касе дар минтақа беҳтарин амалкардро дар робита бо озодиҳои маданӣ дорад: саудиҳо ё эрониҳо? Аммо ба мо омӯзиш дода шудааст, ки эрониён бисёр бад ҳастанд ва ҳеҷ гуна мудоро бо дигар динҳо надоранд”.

Рон Пол ба нуктаи воқеъбинонаи дигаре ҳам ишора кард ва гуфт: “Ин мушкили Амрико аст, ки ҳамвора дар ҷаҳон ба думболи ҳаюллоҳое барои нобуд кардан мегардад. Мушкили аслӣ ин аст, ки мо мушкилоти фаровоне дар саросари ҷаҳон дорем!”.

Иқдомоти азнавбарандозии нарм аз дарун ва истифода аз қудрати низомӣ ва пул барои тағйири сохторҳои дарунӣ дар низоми ҷумҳурии исломӣ аз унсурҳое ҳастанд, ки мақомҳои Амрикоро дучори хатоҳои роҳбурдӣ кардааст. Ин ҳамон воқеияте аст, ки вазири умури хориҷаи Эрон дар Шӯрои равобити хориҷии Амрико ба баёни он пардохт.