Июл 18, 2017 17:24 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи ВУХ-и Эрон: Тоҷикистон нисбат ба Эрон дучори сӯитафоҳум шудааст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, агарчи Тоҷикистон нисбат ба Эрон дучори сӯитафоҳум шудааст, аммо давлати Душанбе дӯсти беҳтару қудратмандтаре аз Теҳрон дар минтақа пайдо нахоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Баҳром Қосимӣ дар ҷамъи теъдоде аз хабарнигорон афзуд: “Мо тасаввур мекунем, Тоҷикистон ба ҳар далеле нисбат ба Эрон дучори сӯитафоҳум шудааст ва бархе кишварҳои минтақа ҳам саъй кардаанд, ин нигарониро эҷод кунанд, вале мо Тоҷикистонро кишваре медонем, ки ба мо бисёр наздик аст ва ба сарнавишти он аҳамият медиҳему хоҳони истиқлолу тавсеаи Тоҷикистон ҳастем”. Ин мақоми эронӣ таъкид кард: “Дӯсти беҳтар ва қудратмандтар аз Эрон барои Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақа нахоҳад буд ва мо алоқаманд ба идомаи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвар ҳастем”.

Ба қавли сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, дар ин ки бархе кишварҳо дар минтақа талош мекунанд, то равобити кишварҳои минтақаро бо Эрон дучори мушкил кунанд, тардиде нест. Қосимӣ афзуд: “Масоили мо бо Тоҷикистон масоили хосе аст, ки бояд аз тариқи музокира ва ройзанӣ ҳаллу фасл шавад”. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ибрози умедворӣ кард, ки Тоҷикистон бо андешидани бештар нисбат ба робита бо Эрон бар иштибоҳандозиҳо ғалаба мекунад ва ба воқеияти равобити ду кишвар наздиктар шуда, заминаро барои ройзаниҳои бештар бо Теҳрон фароҳам менамояд. Қосимӣ бо ишора ба талошҳои анҷомшуда барои тақвияти равобити Теҳрону Душанбе тасреҳ кард, “агар музокирае сурат бигирад, мо нисбат ба тафоҳум хушбин ҳастем ва умедворем, сӯитафоҳумеро, ки бархе кишварҳо эҷод кардаанд, бартараф мекунем”.

Изҳороти сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар ҳолест, ки равобити Теҳрону Душанбе дар ду соли ахир гармии гузаштаро аз даст додааст.

 

Барчасп