Июл 19, 2017 11:07 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таҳримҳои ҷадиди Амрико “рӯҳи Барҷом”- ро нақз мекунад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эронро ноқизи “рӯҳи тавофуқи ҳастаӣ” донист ва афзуд, ин таҳримҳо сабаби афзоиши таниш миёни ду кишвар хоҳад шуд.

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи сешанбе дар идомаи иқдомоти душманонаи Вашингтон алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон 18 фард ва гурӯҳи эронӣ ва хориҷиро ба баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла иртибот бо Барномаи мушакии Эрон дар листи таҳримҳои худ қарор дод.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани иқдоми беарзиши Амрико дар афзоиши таҳримҳои ғайриқонунии худ алайҳи Эрон эълом кард, ки Теҳрон низ дар иқдоме мутақобил теъдоде аз ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии Амрикоро таҳрим мекунад.

Таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи ниҳодҳо ва афроди эронӣ дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи душанбе барои дувумин бор пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаиро таъйид кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо шабакаи Си Би Эс-и  Амрико гуфт, ки Барҷом тавофуқе чандҷониба аст ва як тараф ба танҳоӣ наметавонад онро лағв кунад ё мавриди музокираи дубора қарор диҳад.

 Вазорати хазонадории Амрико 17 –уми май низ 7 шахс ва ширкати эронӣ ва чиниро ба баҳонаи иртибот бо Барномаи мушакии Эрон таҳрим кард.

 Амрикоиҳо муддаӣ ҳастанд, озмоишҳои мушакии Эрон бар хилофи қатъномаи 2231-и Шӯрои амният буда ва ин озмоишҳо шомили мушакҳое аст, ки метавонанд кулоҳаки ҳастаӣ ҳамл кунанд, аммо сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ахиран эътироф кард, озмоиши мушакии Эрон нақзи тавофуқи ҳастаӣ (Барҷом) нест.

 

Барчасп