Июл 19, 2017 15:52 Asia/Dushanbe
  • Содироти 90 миллион долларии фарш ва заъфарони Эрон ба Амрико

Муовини Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт: Дар соли гузашта (2016) ҳудуди 90 миллион доллар фарш ва заъфарони Эрон ба Амрико содир шудааст.

Муҳаммадризо Мавдудӣ, муовини Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон дар гуфтугӯ бо Ирно афзуд: Содироти Эрон ҳамонанди гузашта фақат маҳдуд ба бозори кишварҳои минтақа ва Чину Ҳинд нест ва ба бархе кишварҳои аврупоӣ ва Амрико низ содирот анҷом шудааст.

Мавдудӣ тасреҳ кард: Италия, Олмон, Фаронса ва Амрико аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки дар пасо-БАРҶОМ (пас аз иҷроӣ шудани барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ) ба сабади содиротии Эрон бозгаштаанд.  

Муовини Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ҳамчунин содироти ғайринафтии Эрон дар соли 2016-ро ҳудуди 44 миллиард доллар эълом карду гуфт: Ин мизони содирот дар муқоиса бо соли қабл аз он (2015) аз лиҳози вазнӣ 48 ва аз лиҳози арзиш севу ним дарсад афзоиш пайдо кард .

 

Барчасп