Ҳушдори фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба Амрико
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт: Тавонмандии мушакии Эрон ба ҳеч унвон қобили муомила ва ҳатто музокира нест.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор сарлашкар Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ дар Ҳамоиши фармондеҳони нерӯи заминии сипоҳ дар шаҳри Машҳад афзуд: Тавони мушакии Эрон дар ҳаво, дарё ва замин ба суръат дар ҳоли рушд аст .
Вай ба Амрико ҳушдор дод, агар бихоҳад, мавзуи таҳрими дифоӣ ва таҳрими Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дунбол кунад, қабл аз он бояд пойгоҳҳои минтақаии худро то умқи ҳазор километр дар атрофи Эрон ҷамъ кунад ва бидонад, барои ин иштибоҳи муҳосиботии худ бояд ҳазинаи болое бипардозад .
Сарлашкар Ҷаъфарӣ, ҷойгоҳ ва аҳаммияти тавонмандии мушакиро дар эҷоди қудрати боздорандагӣ муҳим баршумурду гуфт: Теъдоди мушакҳои нуқтазан, ки дар амалиёти ахири мушакии Эрон зидди террористҳои такфирӣ дар Сурия бо диққату муваффақият ба аҳдоф исобат кард, дар ҳоли афзоиш аст .
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 18 июни гузашта мақарри фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммуъ, пуштибонӣ ва сохти мошинҳои инфиҷории террористҳои ДИИШ-ро дар Дерулзур дар шарқи Сурия бо шаш фарванд мушаки миёнбурди замин ба замин ҳадаф қарор дод .