Июл 19, 2017 21:14 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) таслият бод

Эрони исломӣ дар шаби солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а), наваи гиромии расули мукаррами ислом (с) азодор ва сиёҳпуш аст.

Панҷшанбе 20 июли 2017 мусодиф бо 25 шуволи 1438, солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст .

Дар шабу рӯзи солгарди шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а), мардуми Эрон бо ҳузур дар маконҳои мазҳабӣ, дар суги эшон азодорӣ мекунанд .

Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад, дар солрӯзи шаҳодати имоми Ҷаъфари Содиқ (а), сиёҳпуш ва лабрез аз зоирон мешавад ва онон иродати худро ба аҳли байти исмату таҳорат (а) иброз мекунанд .

Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар тӯли умри пурбори худ ҳамвора бо барпо кардани классҳои дарс, ба саволоти пайравони ҳамаи мазҳабҳои исломӣ посух медод .

Таъсири ин иқдом то бидонҷо буд, ки афроде чун Шофиӣ, Молик ва Абуҳанифа аз бузургони аҳли суннат аз маҳзари имом Ҷаъфари Содиқ (а) касби илм карданд .

Бахши тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а)-ро ба ҳамаи мухотабони гиромӣ таслият мегӯяд .

 

Барчасп