Зариф: Тасаввури музокираи дубора бо Амрико хатарнок аст
Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ҳатто тасаввури музокироти дубораи ҳастаӣ бо Амрико, хатарнок аст ва дар сурати шикасти тавофуқи ҳастаӣ, дастёбӣ ба тавофуқи дигар ғайри мумкин хоҳад буд.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо нашрия Ню-Йорки Амрико афзуд, ин тасаввур, ки Эрон ҳозир ба музокираи дубора бо Амрикост, андешае ботил аст.
Вазири хориҷаи Эрон гуфт, дастёбӣ ба тавофуқи феълӣ ҳам ба қадри кофӣ печида буд ва расидан ба як тавофуқи дигар ғайри мумкин хоҳад буд.
Зариф дар айни ҳол эҳтимоли гуфтугӯ бо ҳамтои амрикоии худ барои иҷрои мафоди ин тавофуқномаро рад накард ва гуфт, агар дар робита бо иҷрои тавофуқи ҳастаӣ зарурат дошта бошад, мухолифате бо дидор ва гуфтугӯ бо Рекс Тиллерсон надорам.
Зариф афзуд, паёме, ки ин рӯзҳо давлати Трамп ба соири кишварҳои ҷаҳон мефиристад, ин аст, ки рӯи Амрико ва пойбандии ӯ ба тааҳҳудоти байналмилалиаш наметавон ҳисоб кард.