Баргузории ҳаштумин нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20332-Баргузории_ҳаштумин_нишасти_комиссияи_муштараки_БАРҶОМ_дар_Вена
Ҳаштумин нишасти комиссияи муштараки Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷии Эрон, кишварҳои “Гурӯҳи 5+1" ва Иттиҳоди Аврупо дар Вена оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 21, 2017 16:58 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳаштумин нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена

Ҳаштумин нишасти комиссияи муштараки Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷии Эрон, кишварҳои “Гурӯҳи 5+1" ва Иттиҳоди Аврупо дар Вена оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, баррасии охирин вазъияти иҷрои тавофуқи ҳастаӣ ва рафъи таҳримҳои Эрон муҳимтарин меҳварҳои ин нишасти якрӯза эълом шудааст. Бар асоси ин гузориш, шарҳи бадаҳдиҳои Амрико дар қиболи БАРҶОМ аз ҷумлаи дастури корҳои ҳайати эронӣ аст. Охирин нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ 25-уми апрели имсол дар Вена баргузор шуда буд.

Тавофуқ ҳастаӣ ё Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, ки ба таври хулоса БАРҶОМ номида мешавад, 14-уми июли соли 2015 миёни намояндагони Эрон ва “Гурӯҳи 5+1”, шомили Амрико, Биритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон дар натиҷаи гуфтугӯҳои сахту фишурда имзо шуд. Аз замони оғози раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, ки тавофуқи ҳастаиро бадтарин тавофуқ мехонд ва хоҳони лағви он аст, Амрико дар талош аст, аз зери бори тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ шона холӣ кунад.