Июл 22, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти зидди эронии Доналд Трамп дар маврди БАРҶОМ

Раисиҷумҳури Амрико, тимеро маъмури заминачинӣ барои эъломи пойбанд набудани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба БАРҶОМ кард.

Ба гузориши маҷаллаи амрикоии «Foreign Policy»,  Доналд Трамп баъд аз дидоре пуртаниш бо Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи ин кишвар ба гурӯҳе аз коркунони мавриди эътимоди худ дар Кохи Сафед дастур дод, ба баррасии заминаҳо барои ҷилавгирӣ аз таъйиди пойбандии Эрон ба БАРҶОМ бипардозанд.

Тасмими ҷадиди Трамп, баъд аз моҳҳо ихтилоф миёни Кохи Сафед ва Вазорати хориҷаи Амрико, бар сари тавофуқи ҳастаии Эрон иттихоз шудааст.

Дар ин гузориш омадааст, Стив Бэннон- мушовири аршади Кохи Сафед ва Себастиян Горка-муовини дастёри раисиҷумҳури Амрико, низ дар дидор бо Тиллерсон аз вай дар бораи таъйиди пойбандии Эрон ба БАРҶОМ тавзеҳ хостаанд.

Ин нашрия навишт, Трамп мусаммам аст, зарфи ин 90 рӯз, тавофуқи ҳастаиро муҷаддадан таъйид накунад.

Вазорати умури хориҷаи Амрико, ҳафтаи гузашта бо интишори гузориши се моҳаи худ изъон кард, ки Эрон ба тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ амал кардааст.

Гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержиии атомӣ, низ ҳамвора пойбандии Эрон ба БАРҶОМ-ро таъйид кардааст.

Ин дар шароите аст, ки давлати Амрико ҳамвора дар иҷрои тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ коршиканӣ кардааст.

 

Барчасп