Қосимӣ: Амрико аз лаҷоҷат алайҳи Эрон даст барнамедорад
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Рафтору иқдомоти Амрико хасмона аст ва ин кишвар аз ҳаргуна лаҷоҷати зидди Эрон фуругузор накарда ва нахоҳад кард.
Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишаст бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи ташдиди эҳтимоли таҳримҳо алайҳи Эрон ба баҳонаи барномаи мушакӣ ва нақши Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар пирӯзиҳои ахири Сурияву Ироқ афзуд: Амрико давлати қобили эътимоде нест ва бо таноқузҳои бисёре мувоҷеҳ аст.
Қосимӣ тасреҳ кард: Давлати феълии Амрико бо БАРҶОМ мувоҷеҳ шуда, ки аз созу кори мустаҳкаме бархурдор буда ва ночор аст, барои тазъифи он даст ба иқдомоте бизананд, ки арсаро бар Эрон танг кунад ва фазои равонӣ ва сиёсии сахте барои ҷумҳурии исломӣ дар ҷаҳон эҷод кунад .
Сухангуи дастгоҳи дипломатии Эрон бо баёни инки Амрико нигарони иқтидори Эрон аст, афзуд: Амрико бояд бидонад, ки иқдомоти насанҷидааш ҷуз пушаймонӣ чизе барояш надорад, чун Эрон муқтадир аст ва метавонад роҳи худро дар минтақа пеш бубарад .
Қосимӣ дар бораи муносиботи Эрону Кувайт ва муҳлати хуруҷ ба дипломатҳои эронӣ аз ин кишвар афзуд: Дипломатҳои эронӣ ихроҷ нашуда ва ҳатто унсури номатлуб низ муаррифӣ нашудаанд, балки ба дархости давлати Кувайт шумори коркунони сафорати Эрон дар он кишвар коҳиш меёбад .
Сухангуи дастгоҳи дипломатии Эрон таъкид кард: Теҳрон ҳамвора равобити мусбате дар ҳавзаи халиҷи Форс бо Кувайт доштааст ва иқдоми ин кишвар дар шароити кунунӣ дар хусуси коҳиши шумори коркунони сафорати Эрон, қобили сарзаниш аст .