Табрики солрӯзи вилодати ҳазрати Маъсума (с)
(last modified Tue, 25 Jul 2017 06:13:00 GMT )
Июл 25, 2017 11:13 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи вилодати ҳазрати Маъсума (с)

Эрони исломӣ дар солрӯзи вилодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), хоҳари ҳазрати имом Ризо (а) ва наводаи гиромии расули Худо (с) ғарқ шодӣ аст.

Имрӯз сешанбе аввали зилқаъдаи соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 25 июл, солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), духтари гиромии ҳазрати Мусо ибни Ҷаъфар (а), пешвои бузурги мусулмонон аст.

Ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар рӯзи аввали зилқаъдаи соли 173 ҳиҷрии қамарӣ, дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуданд ва дар даврони зиндагии кӯтоҳи худ ба унвони мазҳари фазлу дониш ва саромади улуми замони худ шуҳрат ёфтанд .

Дар солрӯзи милоди каримаи аҳли байти исмат ва таҳорат (а), ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), ҳарами мутаҳҳари эшон дар шаҳри муқаддаси Қум ғарқ дар ҷашну сурур аст .

Мардуми вилоятмадори шаҳри муқаддаси Қум бо чароғонии сари дари мағозаҳо, хонаҳо ва масоҷид ва пахши ширинӣ ба шодмонӣ мепардозанд .

Солрӯзи вилодати ҳазрати Маъсума (с) дар Эрон, оғози аёмии мавсум ба даҳаи каромат аст, ки бо вилодати бародари бузургвори он ҳазрат-имом Ризо (а) поён меёбад .

Садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (с)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) табрику таҳният мегӯяд .