Лориҷонӣ: Ситезаҷӯии амрикоиҳо бо БАРҶОМ ба зарари онҳост
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20544-Лориҷонӣ_Ситезаҷӯии_амрикоиҳо_бо_БАРҶОМ_ба_зарари_онҳост
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон амрикоиҳоро аз ситезаҷӯӣ бо тавофуқи ҳастаӣ барҳазар дошт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 25, 2017 16:26 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Ситезаҷӯии амрикоиҳо бо БАРҶОМ ба зарари онҳост

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон амрикоиҳоро аз ситезаҷӯӣ бо тавофуқи ҳастаӣ барҳазар дошт.

Ба гузориши ИРНА, Алии Лориҷонӣ рӯзи сешанбе дар ҳошияи ифтитоҳи ҳамоиши ҳайати амонатдорони донишгоҳҳои улуми пизишкӣ дар Теҳрон гуфт, амрикоиҳо дар гузашта ва ҳоло бадаҳдиҳое доштанд, хусусан дар давраи ахир тасаввур мекунанд, агар бо БАРҶОМ хусумат биварзанд, ба нафъшон аст, дар ҳоле ки ин ба зарари онон аст.  Ӯ афзуд, Эрон мутаносиб бо рафтори амрикоиҳо тавоноии иқдомоти зиёдеро дорад. Лориҷонӣ дар бораи таҳримҳои ҷадиди Амрико ва нақзи БАРҶОМ гуфт, иқдомоти ахири амрикоиҳо баҳси тозае нестанд, аз вақте ки Сенат вориди чунин тасмимоте шудааст, онон бо чолишҳое дар дохил мувоҷеҳ шудаанд. Раиси парлумони Эрон изофа кард, Теҳрон аз тавоноиҳои болои ҳастаӣ бархурдор аст ва ба суръат метавонад шароитро тағйир диҳад.