Пажуҳишгари эронӣ моддаи зиддипирӣ ба даст овард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20560-Пажуҳишгари_эронӣ_моддаи_зиддипирӣ_ба_даст_овард
Як пажуҳишгари эронӣ муваффақ шуд, аз усораҳои гиёҳӣ таркиби муассире ба номи тезоби урсолик бо қобилияти фаъолияти зиддипирӣ истихроҷ кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 25, 2017 16:41 Asia/Dushanbe
  • Пажуҳишгари эронӣ моддаи зиддипирӣ ба даст овард

Як пажуҳишгари эронӣ муваффақ шуд, аз усораҳои гиёҳӣ таркиби муассире ба номи тезоби урсолик бо қобилияти фаъолияти зиддипирӣ истихроҷ кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Нуруддин Бахтиёрӣ, пажӯҳишгари эронӣ гуфт, фаъолияти зиддипирии ин таркиб бо интишори мақолоти муътабари илмӣ ва сабти ихтироъ ба исбот расидааст. Ин пажуҳишгари эронӣ гуфт, бо истифода аз ин таркиб муваффақ ба тавлиди креми ҷавонкунанда ва тармимкунандаи пӯст бо номи сирт (sirt) шуда, ки ин крем аз Созмони ғизо ва доруи Эрон муҷаввиз гирифтааст.

Тезоби урсолик (ursolic acid) дар пӯсти себ ёфт мешавад ва метавонад ҳаҷми мӯшакҳоро афзоиш ва чарбиро коҳиш диҳад. Илова бар ин тезоби урсолик қанди хун, хелостерин ва триглитсеридро низ коҳиш медиҳад.

Нуруддин Бахтиёрӣ, донишомӯхтаи доктории биохимияи Донишгоҳи тарбияти мударриси Эрон дорои беш аз 20 мақолаи илмии пажуҳишӣ дар маҷаллаҳои муътабар, чаҳор ихтирои сабтшуда ва ду китоби таълиф ва тарҷума аст.