Июл 26, 2017 10:41 Asia/Dushanbe
  • Безараргардонии беш аз 120 амалиёти террористӣ дар Эрон

Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз хунсосози (безараргардонӣ)- и беш аз 120 амалиёти террористӣ дар солҳои ахир дар Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИСНА, Сайид Маҳмуди Алавӣ гуфт, ҳамаи омилони ин амалиётҳои террористии номувафақ дастгир шуда ё ба ҳалокат расидаанд.

Вазири иттилооти Эрон бо таъкид бар ин ки ҳеҷ гуна ноамнӣ дар ҳеҷ нуқтае аз Эрон вуҷуд надорад афзуд, Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳеҷ қудрате иҷозаи нуфуз дар Эрон ва эҷоди харобкорӣ намедиҳад.

Вазири иттилооти Эрон ҳамчунин ба ҳамалоти террористии ахири Теҳрон ишора кард ва гуфт, дар муддати ду рӯз ҳамаи омилҳои мустақим ва ғайримустақими террористҳо дастгир шуданд ва решаҳои ин иқдоми буздилона шиносоӣ шуд.

Ҳафтуми июн дар ҳамалоти афроди вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон, 18 тан шаҳид ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.