Рӯҳонӣ: Эрон қатъан посухи Амрикоро хоҳад дод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20604-Рӯҳонӣ_Эрон_қатъан_посухи_Амрикоро_хоҳад_дод
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба қонуни ахири Конгресси Амрико алайҳи Эрон таъкид кард, Эрон дар баробари иқдоми зиддиэронии ҷадиди Конгресси Амрико аксуламал нишон ва посухи қотеъ хоҳад дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 26, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон қатъан посухи Амрикоро хоҳад дод

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба қонуни ахири Конгресси Амрико алайҳи Эрон таъкид кард, Эрон дар баробари иқдоми зиддиэронии ҷадиди Конгресси Амрико аксуламал нишон ва посухи қотеъ хоҳад дод.

Маҷлиси намояндагони Амрико сешанбешаб дар идомаи рӯйкарди душманонаи Вашингтон дар қиболи Теҳрон, тарҳи ҷомеи таҳримҳои Эронро бо 419 раъйи мувофиқ тасвиб кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати ин кишвар гуфт, амрикоиҳо 40 сол фишор, таҳрим, таҳрик ва паймони бархе аз кишварҳои минтақа зидди миллати Эронро таҷриба карданд ва дар ҳамаи мароҳил бо шикаст рӯбарӯ шудаанд ва бояд аз шикастҳои паёпайи худашон дар рӯёрӯӣ бо миллати Эрон ибрат бигиранд.

Рӯҳонӣ афзуд, агар Амрико мехоҳад минтақаи ҳассоси Ховари миёна минтақае босубот ва амнтар ва оброҳҳои ҳассоси ин минтақа оброҳҳои амне барои ҷаҳон бошад, бояд ба сиёсатҳои кунунӣ поён диҳад ва бидонад миллати Эрон ҳаргиз таҳти таъсири тавтеаҳо қарор намегирад ва роҳи худашро идома медиҳад.

 Вай гуфт, Амрико бояд ба ҳуқуқи миллати Эрон эҳтиром бигузорад ва бидонад фақат дар сояи эҳтиром, таъмини ҳуқуқи мардум ва пеш гирифтани роҳи мусолимат ва сулҳомез, манофеи мардуми Амрико таъмин мешавад.

 Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар тақвияти қудрат ва буняи дифоии Эрон таъкид кард, Эрон тамоми силоҳҳои дифоии худро бидуни таваҷҷуҳ ба назари дигарон тақвият хоҳад кард ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, иборат аз артиш, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, басиҷ, нерӯи интизомӣ ва нерӯҳои амниятӣ мавриди ҳимояти миллати бузурги Эрон хоҳанд буд.