Июл 27, 2017 20:53 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи нахустин пойгоҳи миллии сакуи собити фазоии Эрон

Эрон имрӯз бо партоби озмоишии муваффақиятомези моҳворабари “Симурғ” ба фазо, нахустин пойгоҳи миллии сакуи собити фазоии худро ба таври расмӣ ифтитоҳ кард.

 Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, ин пойгоҳи миллии фазоӣ, ки ба номи ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) зинат ёфта, маҷмуаи азиме аст, ки ҳамаи мароҳили омодасозӣ, партоб, контрол ва ҳидояти моҳворабарҳоро бар ӯҳда дорад.

 Пойгоҳи миллии фазоии Имом Хумайнӣ (раҳ.) аз назари фанноварӣ мутобиқ бо стандартҳои рӯзи дунё тарроҳӣ ва сохта шуда ва қодир аст, дар марҳалаи ниҳоӣ ҳамаи ниёзҳои Эрон дар мадори фазоро пӯшиш диҳад.

  Моҳворабари “Симурғ” низ, ки имрӯз ба таври азмоишӣ ва бо муваффақият ба фазо партоб шуд, қодир аст, моҳвораҳои то вазни 250 килограммро дар мадори 500 километрии замин қарор диҳад.

 

Барчасп