Маҳбубтарин шахсиятҳои сиёсии Эрон дар назарсанҷии донишгоҳи амрикоӣ
Натоиҷи як назарсанҷӣ дар Донишгоҳи Мэриленд нишон медиҳад, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ маҳбубтарин шахсият аз нигоҳи мардуми Эрон аст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, натоиҷи назарсанҷии анҷомшуда дар “Маркази мутолеоти байналмилалӣ ва амниятӣ”-и Донишгоҳи Мэриленди Амрико нишон медиҳад, сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ маҳбубтарин шахсият аз нигоҳи мардуми Эрон аст.
Ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, маҳбубияти сардор Сулаймонӣ баъд аз ҳамлаи террористии гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон афзоиш ёфтааст ва 61 дарсад аз эрониҳо назарашон дар бораи сардор Сулаймониро “бисёр матлуб” тавсиф кардаанд.
Баъд аз фармондеҳи нерӯи Қудс, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон бо 43 дарсад нигариши “бисёр матлуб” дар дувумин рутба қарор гирифтааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон низ бо 39 дарсад нигариши “бисёр матлуб” дар рутбаи севуми натоиҷи ин назарсанҷӣ қарор дорад.