Эрон аз Амрико шикоят кард
(last modified Tue, 01 Aug 2017 13:54:39 GMT )
Август 01, 2017 18:54 Asia/Dushanbe

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, Эрон ба далели таҳримҳои ҷадиди Амрико ба шӯро ва комиссияи муштараки БАРҶОМ шикоят кардааст.

Алии Лориҷонӣ, ки рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Қум сухан мегуфт, афзуд, амрикоиҳо ба дунболи ин ҳастанд, ки монеи иҷрои тавофуқи ҳастаӣ шаванд ва мусаввабаҳои зиддиэронии Конгресси Амрико бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз сармоягузорӣ дар Эрон анҷом шудааст. Лориҷонӣ таъкид кард, Эрон бо қотеияту дироят монеъ аз расидани амрикоиҳо ба ҳадафшон мешавад.

Пас аз ҷаласаи рӯзи душанбеи ҳайати эронии назорат бар иҷрои БАРҶОМ, ки бо раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, эълом шуд, Эрон посухи муқтадирона, мутаносиб ва ҳушмандона ба мусаввабаи ахири Конгресси Амрико хоҳад дод. Конгресси Амрико ҳафтаи гузашта тарҳи ҷомеи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро тасвиб кард.