Дар Машҳад эълом шуд: Поёни султагарии Амрико то соли 2050
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20980-Дар_Машҳад_эълом_шуд_Поёни_султагарии_Амрико_то_соли_2050
Муассисаи мутолеоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон имрӯз дар Машҳад бо ҳузури шахсиятҳо ва мақомоте аз Эрон ва бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 02, 2017 13:29 Asia/Dushanbe
  • Дар Машҳад эълом шуд: Поёни султагарии Амрико то соли 2050

Муассисаи мутолеоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон имрӯз дар Машҳад бо ҳузури шахсиятҳо ва мақомоте аз Эрон ва бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ойини ифтитоҳ Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи собиқи Эрон бо ишора ба ҷойгоҳи ин кишвар дар минтақа гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 26 соли гузашта, пас аз истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҷое ки тавониста, ба ҳалли мушкилоти минтақа кӯмак кардааст.

Вазири собиқи умури хориҷаи Эрон бо ишора ба солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ва даргириҳои хашин дар ин кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ афзуд, акнун бо таомулот ва шинохте, ки дар кишварҳои минтақа шакл гирифтааст, ин фазо тағйир карда ва талоши давлатҳои минтақа низ сабаби мусоидатҳои минтақаӣ ва арҷ гузоштан ба таомул бо якдигар шудааст.

Вай гуфт: “Агар имрӯз мушкили кӯчаке миёни кишвари мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон шакл бигирад, бояд дар тарҳҳои мутолеотӣ ба ин мушкилот таваҷҷуҳ кунем”.

Аликбек Ҷекшенқулов, вазири хориҷаи собиқи Қирғизистон дар ин маросим бо ишора ба нақши мутолеотии ин муассиса дар иртиқои афкори умумии минтақа ибрози умедворӣ кард, ки фаъолиятҳои ин муассиса ба манбае барои касби иттилооти мутақобил барои миллатҳои минтақа табдил шавад.

Фаромарзи Таманно, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ҳам ифтитоҳи сайти муассисаи мутолеоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро посухгӯи халоҳои шинохти миллатҳо аз якдигар донист.

Раиси Маркази мутолеоти Вазорати хориҷаи Афғонистон кишварашро қалби минтақа донист, ки ниёз ба бозтаъриф дорад ва афзуд, бар асоси назарияи чархиши султагарии қудратҳо, ки бар нузули султагарии Амрико то соли 2050 таъкид дорад, Амрико имрӯз барои пешгирӣ аз ин талош мекунад ва мудохилоташ дар минтақа дар ҳамин замина қобили арзёбӣ аст.

Муассисаи мутолеоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо унвони “Эрони Шарқӣ” қарор аст бо ҳадафи ироаи кӯмаки фикрӣ ба ниҳодҳо ва дастгоҳҳои сиёсатгузор ва пешбурди манофеи миллӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар ҳавзаи фаъолиятҳои пажӯҳишӣ, таҳқиқотӣ, тарҷума, таълиф ва интишори китоб фаъолият кунад.