Поёни Ҷашнвораи Имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас
Понздаҳумин Ҷашнвораи Имом Ризо (а) рӯзи панҷшанбе дар Машҳади муқаддас поён ёфт.
Дар оини ихтитомияи ин ҷашнвора, ки дар толори “Сабо”-и Садо ва симои Хуросони Разавӣ баргузор шуд, аз ҷамъе аз ходимон, ривоҷдиҳандагону фаъолони нашру тарвиҷи фарҳанги разавӣ, нависандагону фарҳехтагони ин арса бо эҳдои лавҳу ҳадяҳо қадрдонӣ шуд.
Мутаваллии “Остони қудс разавӣ” дар ин оин ба ташреҳи мавзӯи каромати инсон пардохта гуфт, дар дини мубини Ислом ба каромату эҳтироми ҳамаи инсонҳо таъкиди фаровон шудааст. Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-муслимин Иброҳими Раисӣ кароматеро, ки хоси паёмбарони илоҳӣ аст, ҳамчун вилояти дорои мартаба дониста афзуд, ҳазрати Ризо (а) каромати хешро аз Паёмбари мукаррами Ислом (с) ва Парвардигор бархӯрдор шуда, ҳамвора эшон дар муносибат бо мазҳабу динҳои мухталиф бар мабнои каромату ваҷоҳати инсонӣ рафтору бархӯрд мекарданд. Ӯ гуфт, озодии зан, инсон ва ҳамчунин хиради одамӣ дар партави тавҳиду иртибот бо Худо маънӣ ва аз бистари чунин бандагӣ аст, ки мақоми раббонии инсон, ки ҳадафи ғояи маорифи исломӣ аст, таҳаққуқ меёбад. Мутаваллии “Остони қудси разавӣ” ин нишасти бошукӯҳро намоди шоистае аз тақдири касоне баршумурд, ки андеша ва тафаккури ҳаёти худро бар мабнои сираи разавӣ бунён ниҳодаанд. Ӯ таъкид кард, низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон парчамдори каромати инсонҳо дар тамоми олам аст ва ҳар ҷо бубинад, ки ба инсоне зулм мешавад ва каромати ӯ садама дидааст, дар дифоъ аз ӯ бармехезад.
Устондори Хуросони Разавӣ ҳам дар суханронияш равишу маниши Имом Ризо (а)-ро бар мадори шафқату меҳрубонӣ тавсиф карда гуфт, эшон ҳамвора бо тавони садру саховат бо мухолифон мувоҷеҳ мешуданд. Алиризо Рашидиён таъкид кард, танҳо роҳи наҷоти башарият ва раҳоӣ аз ботлоқи ҷаҳолати замонавӣ тамассук ба сираи имомони муттаҳар аст ва модоме ки ин ҷанбаи масъала нодида гирифта мешавад, ҷавомеи башарӣ ба фурӯпошии иҷтимоӣ дучор хоҳанд шуд.
Дар поёни маросими ихтитомияи понздаҳумин Ҷашнвораи Имом Ризо (а) аз ходимони фарҳанги разавӣ, нависандагон ва фаъолони арсаи тарвиҷи фарҳанги разавӣ аз кишварҳои мухталиф ва ҳамчунин се фарзанд аз шуҳадои мудофеи ҳарам бо тақдими лавҳу ҳадяҳо қадрдонӣ шуд.