Август 12, 2016 18:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Туркия дар Анкара

Зариф ва Човушуғлу дар дидоре, ки ба сурати дуҷониба ва пушти дарҳои баста анҷом шуд, дар бораи муҳимтарин масоили равобити дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ҳамтои туркияии худ дар Анкара дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз, ҷумъа дар нахустин марҳилаи сафар ба Туркия бо Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи ин кишвар дидор ва дар бораи мавзӯоти мавриди алоқаи ду тараф ройзанӣ кард.

Вазири хориҷаи Эрон қарор аст бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия низ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Бар асоси ин гузориш, Зариф ҳангоми вуруд ба Анкара дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ба шикасти кудатои Туркия ишора кард ва гуфт, ҳузури мардуми Туркия дар саҳнаи муқобила бо кудаточиён дарсе муҳим ба кудатогарон буд ва нишон дод, ки даврони кудато ва иқдоми низомӣ дар минтақа сипарӣ шуда ва маҳкум ба шикаст аст.

Човушуғлу низ дар маросими истиқбол аз Муҳаммадҷаводи Зариф гуфт, Эрон аз ибтидои кудато дар Туркия ҳимояти худро аз давлат ва миллати Туркия дар муқобили кудаточиён эълом кард.

Қарор аст пас аз дидори вазирони хориҷаи ду кишвар, нишасти хабарии муштарак баргузор шавад.

Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз, ҷумъа бо ҳадафи гуфтугӯ дар бораи равобити ҳамкорӣ байни ду кишвар, табодули назар дар хусуси бархе мушкилоти минтақаӣ, байналмилалӣ, мавзӯи Сурия ва дидор бо вазири хориҷа ва раиси ҷумҳурии Туркия вориди Анкара шуд.

 

Барчасп