Август 07, 2017 19:00 Asia/Dushanbe
  • Қарордоди 660 миллион евроии мошинсозии Ренои Фаронса бо Эрон

Ширкати мошинсозии Ренои Фаронса ва Созмони густариш ва навсозии саноеи Эрон (Идро) қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба нақл аз Ирно, ин ҳамкории муштарак шомили эҷоди як маркази муҳандисӣ ва хариди ҷадид барои ҳимоят аз қитъасозони эронӣ ва як корхонаи тавлидӣ бо зарфияти аввалияи тавлиди солона 150 ҳазор дастгоҳ мошни аст.  

Бар асоси ин қарордод, ки дар Теҳрон имзо шуд, ширкати мошинсозии Ренои Фаронса марокизи тавзеъ, фурӯш ва хадамоти пас аз фурӯш дар Эрон таъсис хоҳад кард .

Марҳалаи нахусти қарордод бо Рено ба арзиши 660 миллион евро барои тавлиди 150 ҳазор дастгоҳ мошин аст, ки нахустин тавлиди он авоили 2019 вориди бозори Эрон мешавад .

Дар ин қарордод, 60 дарсади саҳҳоми марбут ба ширкати мошинсозии Ренои Фаронса ва 40 дарсад марбут ба Эрон аст ва 30 дарсад маҳсул бо масъуляти ширкати мошинсозии Ренои Фаронса бояд содир шавад .

Эҷоди се ҳазор иштиғоли мустақим ва тарбияти нерӯи инсонии моҳир аз осори ин ҳамкорӣ хоҳад буд .

 

Барчасп