Дастгирии 27 узви ДИИШ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21278-Дастгирии_27_узви_ДИИШ_дар_Эрон
Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе эълом кард: 27 нафар аз аносури гурӯҳаки террористии ДИИШ, ки қасд доштанд, дар бархе устонҳо ва шаҳрҳои мазҳабии ин кишвар амалиёти террористӣ иҷро кунанд, дастгир шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 07, 2017 16:01 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии 27 узви ДИИШ дар Эрон

Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе эълом кард: 27 нафар аз аносури гурӯҳаки террористии ДИИШ, ки қасд доштанд, дар бархе устонҳо ва шаҳрҳои мазҳабии ин кишвар амалиёти террористӣ иҷро кунанд, дастгир шуданд.

Вазорати иттилоот дар иттилоияе эълом кард: Дар ин амалиёт, ки дар табодули иттилоотӣ бо яке аз сервисҳои минтақа иҷроӣ шуд, аз ин гурӯҳаки террористӣ, теъдоде силоҳи ҷангӣ кашфу забт шуд .

Террористҳо талош доштанд, ин силоҳҳои ҷангиро бо ҷосозӣ дар лавозими хонагӣ ба Эрон мунтақил кунанд .

Дар ин замина, 10 нафар дар маркази ҳидоятии ин гурӯҳ дар онсӯи марзҳо ва 17 нафар низ дар дохили Эрон боздошт шуданд .