Садо ва симои Эрон - конуни расонаҳои ҷабҳаи муқовимат дар баробари истикбор
(last modified Tue, 08 Aug 2017 13:32:04 GMT )
Август 08, 2017 18:32 Asia/Dushanbe
  • Садо ва симои Эрон - конуни расонаҳои ҷабҳаи муқовимат дар баробари истикбор

Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ин созмонро маркази расонаҳои муқовимат дар ҷанги расонаӣ алайҳи истикбори ҷаҳонӣ унвон кард.

Абдулалии Алиаскарӣ рӯзи сешанбе дар оини накӯдошти Рӯзи хабарнигор дар Теҳрон бо қадрдонӣ аз талошҳои хабарнигорон дар сатҳи миллию байналмилалӣ гуфт, садо ва симои Эрон дорои зарфиятҳои матлубе аст, ки метавонад маркази муқовиматро сомон диҳад ва аз бузургтарин тавлидкунандагони хабар дар ҷаҳон бошад. Алиаскарӣ афзуд, расонаи миллии Эрон расонаи муқовиму қудратманд аст, ки ҷабҳаи муқовиматро шакл дода, ҳама шуҷоат, шаҳомат ва шаҳодатҳои аҳли ин расона бо сабаби пайравии онон аз Инқилоби Исломӣ, Имом Хумайнӣ (раҳ), Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва шаҳидону қаҳрамонони Эрон аст. Дар ин оин аз хабарнигорони баргузидаи хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, ҳамчунин хабарнигорони баргузидаи шабакаҳои бурунмарзӣ қадрдонӣ шуд.

Дар тақвими расмии Эрон 8-уми август Рӯзи хабарнигор номгузорӣ шудааст.