Август 09, 2017 18:13 Asia/Dushanbe
  • Иқтисод ва равобит бо ҳамсоягон, авлавияти сиёсати хориҷии Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Иртибот бо кишварҳои ҳамсоя ва пайгирии равобити хориҷӣ дар ҳавзаи иқтисод аз авлавиятҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати отии Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири пешниҳодии раисҷумҳури Эрон барои пости Вазорати умури хориҷа дар давлати баъдӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи барномаҳои отии худ барои ин вазоратхона афзуд: Эрон зимни муроқибат аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), бояд монеъ аз ин шавад, ки Амрико дастовардҳои Эрон аз тавофуқи ҳастаиро коҳиш диҳад .

Зариф маросими савгандёди давоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эронро, ки панҷуми август баргузор шуд, нишонаи қудрати низоми ҷумҳурии исломӣ донист .

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Барномаҳои иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон барои фаъол кардани дипломатияи иқтисодӣ ва иқтисоди муқовиматӣ, пайгирӣ мешавад .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон рӯзи сешанбе дар номае вазирони пешниҳодии давлати давоздаҳумро ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ муаррифӣ кард, ки Муҳаммадҷаводи Зариф барои мансаби Вазорати умури хориҷа муаррифӣ шудааст .

 

Барчасп