Август 10, 2017 08:03 Asia/Dushanbe
  • Рӯйхати пешниҳодии ҳайати давлати дувоздаҳум рӯйи мизи Маҷлиси Эрон

Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷрои асли 133 Қонуни Асосӣ, рӯзи сешанбе дар номае, вазирони пешниҳодии давлати дувоздаҳумро ба Маҷлиси шӯрои ‏исломӣ муаррифӣ кард.

Бо ироаи ин феҳрист қадами аввал барои ташкили давлати ҷадид бардошта шуд. Ҳоло бояд мунтазири назари намояндагони миллат ва раъйи мувофиқ ва ё мухолифи маҷлис ба вазирони пешниҳодии раиси ҷумҳур буд.

Дар ин феҳрист, Муҳаммадҷаводи Зариф барои тасаддии Вазорати хориҷа, Амири Ҳотамӣ барои тасаддии Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ, Бежани Зангана барои тасаддии Вазорати нафт, Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ барои тасаддии Вазорати кишвар ва Сайид Маҳмуди Алавӣ барои тасадии Вазорати иттилоот аз ҷумлаи вазирони калидии пешниҳодӣ дар давлати ҷадиди Эрон ҳастанд.

Дар кобинаи пешниҳодии дувоздаҳум се вазир бо собиқаи беш аз ду давраи вазорат вуҷуд дорад ва ҳафт гузина дар сурати касби раъйи эътимод аз Маҷлиси шӯрои исломӣ аввалин даврони вазорати худро таҷриба хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир 18 вазоратхона дар Эрон вуҷуд дорад. Вазири улум ва таҳқиқот ва фановарии Эрон низ баъдан муаррифӣ хоҳад шуд.

Нигоҳе ба ин феҳрист нишон медиҳад, Ҳасани Руҳонӣ дар давлати дувуми худ саъй дорад, мудиронеро фаро бихонд, ки давлати довоздаҳумро ба давлати коромадтар аз даври қабл табдил кунад. Чаро ки ниёзи имрӯзи Эрон шиори иқтисодии сирф нест. Ба ҳамин далел шохисҳое монанди доштани тавоноӣ ва пуёӣ ва салоҳиятҳои илмӣ дар канори таҷрибаи кории вазирон ба унвони муҳиммтарин меъёрҳои мавриди назари маҷлис барои таъйиди давлати ҷадид мавридт таваҷҷуҳ ва таъкидт бештаре қарор гирифтааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари инқилоби исломӣ, дар бахше аз суханони худ дар маросими танфизи ҳукми раёсати ҷумҳурии Ҳасани Руҳонӣ, давлатро ба лузуми кори қавӣ, ҷиҳодӣ ва ҳисобшуда дар арсаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, дифоъӣ ва ҳифзт ҳувиятт исломӣ ва инқилобӣ барои муқобила бо тарфандҳо ва баҳонаҳои бадхоҳон тавсия карданд.

Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб дар ин хусус бар тақвияти зерсохтҳои иқтисод бар мабнои аҳдофи иқтисоди муқовиматӣ аст.