Нахустин тиллои корвони Эрон дар олимпиадаи Рио
Август 13, 2016 04:17 Asia/Dushanbe
Киёнӯши Рустамӣ, вазнабардори дастаи 85-килоии Эрон дар Бозиҳои олимпии соли 2016-и Рио медали тиллоии ин дастаро аз они худ кард.
Киёнӯши Рустамӣ бомдоди шанбе бо баланд кардани вазнаи 396-килоӣ, дар маҷмӯъ, тавонист медали тиллоии олимпиадаи соли 2016-ро аз он худ кунад. Дар ин дастаи вазнабардорӣ вазнабардорони Чину Руминия ҷойҳои дувуму сеюмро касб карданд.
Оқои Рустамӣ дар як зарб 179 килограм ва дар зарби дувум 217 килограмро болои сар бардошт. Ӯ тавонист бо ин вазна рекорди ҷаҳон ва олимпиадаро аз худ кунад.