Нахустин тиллои корвони Эрон дар олимпиадаи Рио
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i2140-Нахустин_тиллои_корвони_Эрон_дар_олимпиадаи_Рио
Киёнӯши Рустамӣ, вазнабардори дастаи 85-килоии Эрон дар Бозиҳои олимпии соли 2016-и Рио медали тиллоии ин дастаро аз они худ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 13, 2016 04:17 Asia/Dushanbe

Киёнӯши Рустамӣ, вазнабардори дастаи 85-килоии Эрон дар Бозиҳои олимпии соли 2016-и Рио медали тиллоии ин дастаро аз они худ кард.

Киёнӯши Рустамӣ бомдоди шанбе бо баланд кардани вазнаи 396-килоӣ, дар маҷмӯъ, тавонист медали тиллоии олимпиадаи соли 2016-ро аз он худ кунад. Дар ин дастаи вазнабардорӣ вазнабардорони Чину Руминия ҷойҳои дувуму сеюмро касб карданд.

Оқои Рустамӣ дар як зарб 179 килограм ва дар зарби дувум 217 килограмро болои сар бардошт. Ӯ тавонист бо ин вазна рекорди ҷаҳон ва олимпиадаро аз худ кунад.