Август 10, 2017 18:05 Asia/Dushanbe
  • Амрико монеи судури ҳавопаймоҳои русӣ ба Эрон аст

Содироти ҳавопаймои мусофирбарии русӣ ба Эрон, ба хотири тӯлонӣ шудани ташрифоти ҳуқуқӣ дар Вазорати хазонадории Амрико бо монеъ рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, маътал мондани қарордоди чандин миллиардии Русия барои содироти ҳавопаймои мусофирбарии СУ 100 ба Эрон дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавопаймосозии Боинг ва Эйрбас ба унвони рақибони “СУ”, қарордодҳое ба арзиш беш аз 16 ва 18 миллиард доллар бо Эрон имзо мекунанд.

Бархе аз қитъаҳои ҳавопаймои “СУ100” русӣ дар беш аз се ширкати амрикоӣ сохта мешавад, аз ин рӯ, содироти ин ҳавопаймо ба Эрон бо монеаҳое дар Вазорати хазонадории Амрико рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп