Селфароӣ дар шимолу шарқи Эрон
Сел дар устонҳои шимолу шарқи Эрон хисоратҳои ҷонию молӣ бар ҷой гузошт.
Бар асари тӯфону борандагии шадид дар устони Гулистон ду нафар кушта шуда, ду нафари дигар низ нопадид ҳастанд, ки талош барои ёфтани онҳо идома дорад. Сел ҳамчунин ба чандин русто дар устони Гулистон зарар расонида, боиси масдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар баъзе аз роҳҳо шуд. Дар устони Хуросон Разавӣ низ дар чанд шаҳр селоб ҷорӣ шуда ва имдодгарон ҳамроҳи гурӯҳҳои арзёб ба манотиқи селзада эъзом гаштаанд.
Ҳанӯз гузорише аз талафоти эҳтимолӣ мунташир нашуда, аммо аз шаҳристони Даргаз, шимолу шарқи Хуросони Разавӣ гузорише расида, ки гуфта мешавад, дар ин шаҳристон мошинеро сел бурдааст. Ҳамчунин гузоришҳои аввалия аз хисорати шадид ба рустоҳо ва шолизорҳои шаҳристони Калоти Нодирӣ ҳикоят дорад.