Пайгирии моҷарои бӯстони "Тоҷикистон"-и Караҷ ва такзиби овозаҳо
(last modified Sat, 13 Aug 2016 06:48:57 GMT )
Август 13, 2016 11:48 Asia/Dushanbe
  • Пайгирии моҷарои бӯстони

Мудири созмони поркҳо ва фазои сабзи шаҳрдории Караҷ бо такзиби ахбори мунташиршуда дар бархе расонаҳо гуфт, бӯстони "Тоҷикистон" ҳеҷ осебе надидааст.

Муҳаммадризои Зайналобиддинӣ шомгоҳи панҷшанбе дар суҳбат бо хабарнигори ИРНА гуфтааст, тамоми фазо ва имконоти ин порк солим аст ва мавзӯи тахриб марбут ба як қитъаи замин дар ҳошияи бӯстон аст. Ӯ афзуд, ин қитъаи замин марбут ба бахши хусусӣ дар қисмати ҷанубу ғарби "Тоҷикистон" буда, иртиботе бо фазои ин бӯстон надорад. Зайналобиддинӣ бо баёни ин ки дар ин замин ҳеҷ гуна дарахт ва фазои сабзе вуҷуд надоштааст, гуфт, тахриби фазои сабзу қатъи дарахтон дар атрофи порки "Тоҷикистон" овозае беш нест.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадтақии Эронӣ, фармондори Караҷ гуфт, бо таваҷҷуҳ ба вобастагии ду кишвар, Эрону Тоҷикистон ва робитаи стротежии ин кишварҳо ба нерӯҳои интизомӣ дастур додааст, ки ҷилави ҳар гуна тағйири эҳтимолӣ дар фазои порки "Тоҷикистон"-ро бигиранд ва масъулини шаҳри Караҷ муваззаф ба ироаи асноду мадорик ба шӯрои таъмин хоҳанд буд.

Ҳоҷиризо Шокаримӣ, додситони умумӣ ва инқилоби Караҷ ҳам бо баёни ин ки номае ба шаҳрдори Караҷ дар ин замина навишта ва аз ӯ дар бораи ҷузъиёти ин мавзӯъ тавзеҳ хостааст, афзуд, "мунтазири посухи катбии шаҳрдори Караҷ ҳастем ва дар сурате ки ҳаққи мардуму ҳукумат зоеъ шуда бошад, додситонӣ моҷароро баррасӣ мекунад".

Порки "Тоҷикистон" дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ моҳи октябри соли 2011 бо ҳузури сафири Тоҷикистон дар Эрон ба баҳрабардорӣ расид. Дар ин бӯстон имконоти тафреҳӣ ва фазои сабзи муносиб эҷод шудааст.