Эътои Нишони Ифтихори ҷумҳурии Қазоқистон ба муовини раиси ҷумҳурии Эрон
(last modified Sat, 12 Aug 2017 10:07:15 GMT )
Август 12, 2017 15:07 Asia/Dushanbe
  • Эътои Нишони Ифтихори ҷумҳурии Қазоқистон ба муовини раиси ҷумҳурии Эрон

Ҳукумати Қазоқистон ба поси иқдомот ва талошҳои дипломатии Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомӣ ва муовини раиси ҷумҳурии Эрон, ба вай Нишони Ифтихор эҳдо кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Ал-Олам”, ин Нишони Ифтихорро Аристонбек Муҳаммадиули, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон аз сӯйи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии ин кишвар, ҳамзамон бо баргузории маросими Биступанҷумин солгарди барқарории равобити дипломатии Теҳрон ва Остона ба Алиакбари Солеҳӣ эъто кард.

Дар ин маросим раиси Созмони энержии атомии Эрон аз иқдомоти дӯстонаи кишвари Қазоқистон дар тавсеаи равобити дипломатӣ, ба вижа дар мизбонии чандин даври музокироти ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар Алмаато қадрдонӣ кард.

 Алиакбари Солеҳӣ ҳамчунин бо муруре бар мавзӯоти байналмилалӣ ва дуҷониба, хоҳони талоши ҳар чӣ бештар дар рафъи монаҳои тавсеаи равобит шуд.

 Ин маросим бо ҳузури сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқим дар кишвар ва ҳамчунин теъдоде аз мақомоти дохилӣ дар маҳалли Сафорати Қазоқистон дар Теҳрон анҷом шуд.