Август 13, 2017 21:16 Asia/Dushanbe
  • Вазири кишвари Ироқ: Арабистон хоҳони миёнҷигарии Бағдод байни Теҳрон ва Риёз шуд

Вазири кишвари Ироқ мегӯяд, ки Арабистони Саудӣ аз нахуствазири ин кишвар хостааст, то байни Риёзу Теҳрон миёнҷигарӣ кунад.

Ба нақл аз Алмаёдин, Қосим Алараҷӣ, вазири кишвари Ироқ мегӯяд, ки Арабистони Саудӣ аз Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ хостааст, ки байни Риёзу Теҳрон миёнҷигарӣ кунад .

Пештар бархе гамоназаниҳо ва ахборе дар бораи дархости Арабистон аз тарафҳои ироқӣ барои миёнҷигарии байни Теҳрону Риёз мунташир шуда буд .

Дар паи ҳодисаи Мино дар маросими ҳаҷҷи ду соли пеш, ки беш аз 2 ҳазор зоири Байтуллоҳулҳаром аз ҷумла беш аз 400 ҳоҷии эронӣ бар асари саҳлангории ошкори масъулони арабистонӣ ҷон бохтанд ва сипас эъдоми шайх Нимир Боқир Алнимир, олими шиаи барҷастаи арабистонӣ, равобити давлати Эрон бо ҳокимони Арабистон рӯ ба тирагӣ ниҳод то ҷое, ки валиаҳди салтанати Саудӣ дар суханоне таҳдид кард, ки ҷангро ба даруни хоки Эрон хоҳад кашонд .