Август 14, 2017 16:33 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эронро мансуб карданд

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳукме Оятуллоҳ Саид Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрудиро барои як давраи панҷсола ба раёсати Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми ҷумҳурии исломии Эрон мансуб карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ, раиси ҷадиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон аз мароҷеи уззоми тақлид ва аз рӯҳониён ва фақеҳони саршиноси Эрон аст.  

Узвият дар Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон ба ҳукми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, узвият дар Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва 10 соли раёсат бар қувваи қазоияи Эрон дар корномаи Оятуллоҳ Шоҳрудӣ дида мешавад .

Оятуллоҳ Ҳошимии Шоҳрудӣ дар 21 августи 2011 низ бо судури ҳукми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ба раёсати ҳайъати олии ҳалли ихтилоф ва танзими равобити қувои сегонаи Эрон мансуб шуд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин Муҳсини Ризоиро ба дабирии Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми ҷумҳурии исломии Эрон мансуб карданд .

 

Барчасп