Август 14, 2017 21:00 Asia/Dushanbe
  • 31 донишгоҳи эронӣ ҷузъи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дар ҳавзаи муҳандисии

Бар асоси эъломи пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (ISC), 31 донишгоҳи эронӣ дар ҷамъи муассиртарин донишгоҳҳои ҷаҳон дар ҳавзаи фаннӣ ва муҳандисӣ қарор гирифтанд.

Ба нақл аз Ирно, пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (ISC) дар гузорише эълом кард: Донишгоҳи Теҳрон, Тарбияти Мударрис, Шероз, Фирдавсии Машҳад, Табрез, Шаҳид Биҳиштӣ, Симнон, Шаҳид Боҳунари Кирмон, Исфаҳон, Гелон, Урумия, Розӣ, Кошон, Буалӣ Сино, Язд, байналмилалии Имом Хумайнӣ (р), Халиҷи Форси Бушеҳр, Муҳаққиқи Ардабил, Шаҳри Курд ва Ёсуҷ аз ҷумлаи донишгоҳҳои эронӣ ҳастанд, ки дар ҷамъи муассиртарин донишгоҳҳои ҷаҳон дар ҳавзаи фаннӣ ва муҳандисӣ қарор гирифтаанд .

Дар ин баррасӣ, як дарсад аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотии байналмилалӣ дар бахши муассиртаринҳо қарор мегиранд.

Ин феҳрист ҳар ду моҳи якбор ба рӯз мешавад ва фақат донишгоҳҳо ва муассисаҳое, ки кайфияти таҳқиқоти онҳо болост, дар ин феҳрист боқӣ мемонанд .