Дидори муовини раисҷумҳури Куба бо мушовири Раҳбари Инқилоби Исломӣ
Муовини раисҷумҳури Куба бо мушовири Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар умури байналмилалӣ дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши "Хабаргузории донишҷӯёни Эрон", Алиакбари Вилоятӣ, мушовири Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар умури байналмилалӣ имрӯз, шанбе, дар дидор бо Рекардо Каприсас, муовини раисҷумҳури Куба дар Теҳрон равобити ду кишварро пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ равобити хуб дониста гуфт, Эрону Куба ҳарду пас аз инқилоби худ мавонеи сахтеро пушти сар гузоштанд. Ӯ афзуд, Куба муваффақ шудааст, инқилоби худро ба дигар кишварҳои Амрикои Лотинӣ содир кунад ва истиқлоли нисбие, ки дар Амрикои Лотинӣ мушоҳида мешавад, аз инқилоби Куба сарчашма гирифтааст.
Муовини раисҷумҳури Куба низ дар ин дидор гуфт, Эрону Куба ба таври муштарак зидди зулму истибдод истодаанд ва барои дастёбӣ ба ҳаққи хеш талош мекунанд. Ӯ афзуд, Куба монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон барои лағви таҳримҳои золимонае, ки зидди ин кишвар эъмол шудааст, ба муборизаи худ идома хоҳад дод.
Муовини раисҷумҳури Куба ҳамчунин сафари ҳафтаи ояндаи вазири умури хориҷии Эронро ба Амрикои Лотинӣ сафари таърихӣ хонда гуфт, равобити сиёсии Эрону Куба ҳамвора мусбат ва рӯ ба ҷилав будааст ва қатъан ин сафар ба густариши равобити тиҷории Эрону Куба кӯмак хоҳад кард.