Август 15, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири кишвари Ироқ ба шаҳри Машҳад

Вазири кишвари Ироқ шаби гузашта бо сафар ба шаҳри Машҳад (шимолу шарқи Эрон) бо устондори ин шаҳр дидор кард.

  Ба гузориши ИРНА, Қосим Ал Аъраҷӣ, бомдоди сешанбе дар замони вуруд ба шаҳри муқаддаси Машҳад- маркази устони Хуросони Разавӣ дар дидор бо Алиризо Рашидиён, устондори ин устон гуфт, шаҳри Машҳад ба далели вуҷуди марақади мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо (а) аз шаҳрҳое аст, ки ироқиҳои бисёр аз солҳои қабл дар он, зиндагӣ мекунанд ва ба он алоқаи хоссе доранд.

 Вазири кишвари Ироқ дар ин дидор ҳамчунин бо ишора ба сафари солона шумори зиёди зоирони ироқӣ ба шаҳри муқаддаси Машҳад, аз масъулони устони Хуросон Разавӣ ба хотири ироаи тасҳилоти муносиб ба зоирони ироқӣ, қадрдонӣ кард.

  Алиризо Рашидиён, устондори Хуросони Разавӣ ҳам дар ин дидор гуфт, Машҳад шаҳре аст, ки ба ҳамаи муъминон ва муҳибони аҳли байт (а) тааллуқ дорад ва мардуми хуби Ироқ, пойгоҳи маҳкаме дар ин шаҳр доранд.

  Устондори Хуросони Разавӣ афзуд, мардуми Хуросони Разавӣ ва Машҳад тааллуқи хотири вижае ба Ироқ ва масоили ин кишвар доранд ба гунае, ки пирӯзиҳои ахири артиши Ироқ дар набард бо террористҳои такфирӣ, мӯҷиби хушҳолӣ ва нишоти мардуми ин диёр шудааст.

 Вазири кишвари Ироқ рӯзи якшанбе вориди Теҳрон шуд ва дар дидор бо вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, тафоҳумномаи амниятӣ ба имзо расонд.

 

Барчасп