Август 16, 2017 13:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳашт донишгоҳи эронӣ дар ҷамъи 800 донишгоҳи бартари ҷаҳон

Гузориши низоми байналмилалии рутбабандии Шангхай нишон медиҳад, ҳашт донишгоҳи эронӣ нахустин бор дар ҷамъи 800 донишгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифтаанд.

Бар асоси рутбабандии Шангхай дар соли 2017, ки барои понздаҳумин сол пайдарпай феҳристи донишгоҳҳои бартари ҷаҳонро мунташир кард,  Донишгоҳ Теҳрон дар ҷамъи чаҳорсад донишгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифт ва Донишгоҳи Санъатии Амир Кабир, Донишгоҳи Санъатии Шариф, Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон, Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, Донишгоҳи Санъатии Исфаҳон, Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Донишгоҳи шаҳид Биҳиштии Теҳрон низ ҷузви ҳаштсад донишгоҳи бартари ҷаҳон муаррифӣ шуданд.

Шангхай яке аз се низоми муътабари рутбабандӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст.

 Кайфияти омӯзиш, кайфияти аъзои ҳайати илмӣ, фаъолияти пажӯҳишӣ ва амалкарди сарона чаҳор меъёр дар низоми рутбабандии Шангхай аст.

 Дар рутбабандии ҷаҳонии Шангхай дар соли 2017 дар бахши кишварҳои осиёӣ Эрон бо ҳашт донишгоҳ, Туркия бо ҳафт донишгоҳ ва Малайзия бо панҷ донишгоҳ дар ҷамъи 800 донишгоҳи бартари ҷаҳон ҳузур доранд.