Зариф: БАРҶОМ ҳосили эътимод ба Амрико нест
Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), ҳосили эътимод ба Амрико нест, балки нишонгари беэътимодии ҷиддӣ ба сиёсатҳои Амрико аз нахустин рӯзи музокирот то масири иҷрои БАРҶОМ будааст.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа ва вазири пешниҳодии раисҷумҳури Эрон барои давлати оянда, дар ҷаласаи баррасии салоҳияташ дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ афзуд: Давлатҳои қаблии Амрико пас аз солҳо таҳдид ва таҳрим ба мизи музокира омаданд ва акнун Амрико ба унвони узви БАРҶОМ наметавонад тааҳҳудоташро фаромуш кунад, балки чунин сиёсате боиси инзивои Амрико хоҳад шуд .
Зариф ҳамчунин тасреҳ кард: Асли бартарии ғарб дар ҷаҳон ба сар омада ва дар даврони пасоғарбӣ, сиёсати ҷаҳонӣ дар чанд қудрати бузург мунҳасир намешавад ва Эрон дар ҳавзаи аносури маъноии қудрат собиқаи тӯлонӣ дорад .
Зариф ба талоши саҳюнистҳо барои ташдиди фазои шиаҳаросӣ ва эронҳаросӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳам ишора карду гуфт: Аз тағйироти пешомада дар Амрико барои таниш ва буҳронофаринии бештар дар минтақа истифода мешавад, аммо ин сиёсат, як иштибоҳи асосии муҳосиботӣ аст .
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон, талош барои эҷоди ниҳодҳои минтақаӣ ва ҷибҳаи воҳиди минтақаӣ барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро муҳимтарин дастури кори сиёсати хориҷии Эрон баршумурду афзуд: Ҳамкорӣ бо ҷаҳони ислом барои муқобила бо режими саҳюнистӣ ва бозгардондани мавзуи Фаластин ба унвони авлавияти ҷаҳони ислом, рамзи иттиҳоди минтақаии Эрон хоҳад буд .
Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Мардуми Эрон бо фидокорӣ, исор ва муқовимат, низоме босубот ва пешрафта дар минтақае бесубот бино ниҳоданд ва Эрон ба кишваре дар минтақа табдил шудааст, ки амнияташро аз дарун ва мардумаш мегирад .