Август 17, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои низомии Эрону Туркия

Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ҳамкориҳои низомӣ- дифоии Эрону Туркия густариш меёбад.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон чаҳоршанбешаб, пас аз дидор бо мақомоти олирутбаи низомӣ ва сиёсии Туркия дар Анкара, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо гуфт, ду кишвар тасмим ба афзоиши равобит дар ҳамаи заминаҳо, ба вижа ҳамкориҳои низомиву дифоӣ доранд.  

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ афзуд, дар гуфтугӯ бо мақомоти низомӣ- амниятии Туркия дар бораи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳои муштараки марзӣ ва масоили низомӣ мувофиқат шуд.

Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард, Теҳрону Анкара ҳамчунин мувофиқат карданд ҳамкориҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ дошта бошанд, аз ҷумлаи табодули донишҷӯ, рафтуомади новҳо ба кишварҳои якдигар ва эъзоми нозир ба размоишҳои ду тарафро беш аз пеш мадди назар қарор диҳанд.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ бо баёни ин ки аз Ҳулуси Акар, раиси Ситоди артиши Туркия барои сафар ба Эрон даъват кардааст, гуфт: “Дар бораи барқарории амнияти марзҳои муштарак ва иқдомоти мусбати Эрон ҳамчун бастани марзҳо ва бархӯрд бо анвои мухталифи қочоқу муқобила бо террористҳо ба мақомоти Туркия иттилооти хубе ироа шуд.

Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин бо ишора ба дидори худ бо раиси ҷумҳурии Туркия изҳор кард, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия эълом кард, дар ояндаи наздик ба Теҳрони сафар хоҳад кард ва камиссиюни роҳбурдии муштарак бо ҳадафи тавсеаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву низомии ду кишвар баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп