Солрӯзи бозгашти озодагон ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21808-Солрӯзи_бозгашти_озодагон_ба_Эрон
Имрӯз- панҷшанбе, 17-уми августи соли 2017 Солрӯзи оғози бозгашти озодагони сарафроз ба меҳани исломии Эрон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2017 08:40 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи бозгашти озодагон ба Эрон

Имрӯз- панҷшанбе, 17-уми августи соли 2017 Солрӯзи оғози бозгашти озодагони сарафроз ба меҳани исломии Эрон аст.

Дар августи соли 1990( 26-уми мурдодмоҳи соли 1369 ) Эрони исломӣ шоҳиди ҳузури озодагони сарафрозе буд, ки пас аз солҳо асорат дар зиндонҳо ва асоратгоҳҳои махуфи режими баъси Ироқ, қадам ба хоки меҳани исломии худ гузоштанд.

Бозгашти озодагон пас аз солҳо таҳаммули шадидтарин шиканҷаҳо, натиҷаи муқовимати ҳӯшмандонаи миллати Эрон дар баробари душман ва ҳаракат дар чорчӯби роҳбурдҳои тарсимшуда аз сӯйи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ буд.

Бозгашти озодагон ба меҳани исломӣ ҳамчунин аз дастовардҳои истодагӣ бар усул, ормонҳо ва пойдорӣ дар баробари зиёдахоҳиҳои душманони қасамхурда дар 8 соли ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқи зидди Эрон аст.

Ба ҳамин муносибат вижабарномаҳое дар бузургдошти озодагони сарафрози ҳашт соли Дифои Муқаддас дар ҷанги таҳмилии Ироқи зидди Эрон баргузор мешавад.